Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) ва ширкати «Гидро Алюминиум»-и Норвегия оид ба таҳияи заминаи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи обиву барқии «Шӯроб» бо иқтидори 1 ҳазор мВт дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ тавофуқ ҳосил карданд.

Тавре сухангӯи ширкати «Талко» Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин тавофуқ дар конфронси байнулмилалии «Энергияи тоза - имконоти нави рушди манбаъҳои барқароршаванда ва алтернативии энергия дар Тоҷикистон», ки 22-уми октябр дар қароргоҳи ҳукуматии «Пуғус» доир гашт, ҳосил шудааст.

С.Қодирова инчунин изҳор дошт, ки миёни ин ширкатҳо перомуни таҷдиди корпусҳои истеҳсоли электролизии корхона низ гуфтушунид шудааст. «Танҳо дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ КВД «Талко» барои амалисозии чораву тадбирҳои ҳифзи муҳити зист 19 млн. сомонӣ маблағ хароҷот кард», - афзуд сухангӯи ширкат.