Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вазъи бахши энергетикаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаригашта дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои энергетикии кишварҳои узви иттиҳод тасмим гирифта шудааст, ки ин масъала ба баррасии Шӯрои иқтисодии кишварҳо пешниҳод гардад.

Дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои электроэнергии кишварҳои узви ИДМ роҳбарони сохторҳои марбута ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009-ро муҳокима карданд. Зикр гардид, ки дар ҳамаи кишварҳо асосан корҳои пешбинишуда ба анҷом расидаанд, вале бо назардошти вазъи мавҷуда, ҳамчунин иштирокдорони ҷаласа ба бӯҳрони энергетикӣ гирифтор шудани Тоҷикистонро дар ин мавсим аз эҳтимол дур надонистанд. Аз ин рӯ, қарор шудааст, ин масъала дар Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шавад.

Дар ҷаласа ҳамчунин атрофи масоили ташаккули бозори ягонаи энергетикии кишварҳо, роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши энергетика бо Эрон ва дигар мушкилоти рӯзмарраи ин соҳа табодули назар карда шуд.