Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни баррасии лоиҳаи Бу ҷ ети давлат ӣ барои соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод карданд, ки аз р ӯ и имкон андозаи ҷ убронпулии ҳармоҳа ба ивази озуқавор ӣ барои хизматчиёни ҳарб ӣ ва кормандони сохторҳои қудрат ӣ , ки дар лоиҳаи бу ҷ ети соли 2009 маблағи он 35 сомон ӣ нишондода шудааст, ба 50 сомон ӣ расонида шавад.

             Инчунин, вакилон ва гур ӯ ҳи кор ӣ як қатор таклифу пешниҳоди дигарро ба мисли танзими андоз ва андозбанд ӣ аз фур ӯ ши чакана, муаяйн кардани ҷ убронпул ӣ барои хо ҷ агиҳое, ки аз ҷ ойҳои хавфнок к ӯ чонида мешаванд, дастгирии саноатчиёни ҷ умҳур ӣ , бо назардошти баландравии эҳтимолии нархи маводи озуқа дар бозори ҷ аҳон ӣ зиёд намудани маблағгузории фонди захираи давлат ӣ ва ғайраро баррас ӣ карданд.

            Дар ҷ аласа, ки намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷ умҳур ӣ иштирок доштанд ба саволҳои сершумори вакилон атрофи пешниҳоду дархостҳои зикргардида, посухҳои мушаххас дода, онҳоро ба эътибор гирифтанд.