Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода бар ин назар аст, ки бӯҳрони иқтисодии сартосарии ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири муассире нахоҳад дошт.

            Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ ӯ изҳор дошт, ки ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон қисме аз иқтисоди ҷаҳон аст, ин бӯҳрон ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири зиёде ба бор нахоҳад овард. «Табиист, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба низоми молиявии ҳамаи кишварҳо таъсир мерасонад, вале имрӯз касе мушаххас гуфта наметавонад, ки он кай ва ба кадом андоза ба иқтисоди ҷумҳурии мо таъсир хоҳад расонд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки бахши молияи кишвари мо то ҳанӯз на ба он сатҳи рушд ноил гаштааст, ки ин бӯҳрон ба он ҳамаҷонибаву муассир таъсире расонад.

            Ба қавли Ғ.Бобозода, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ коҳиши истеҳсолотро дар пай хоҳад дошт ва Тоҷикистон шояд таъсири онро дар муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳо эҳсос намояд.

            Дар ҳамин ҳол, Ғ.Бобозода зикр кард, ки   дар 9 моҳи соли равон нишондиҳандаи муносиботи молии хориҷии Тоҷикистон қариб ба нишондиҳандаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар шудааст.

            Ёдрас мекунем, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ муомилоти молии хориҷии ҷумҳурӣ бо назардошти нерӯи барқ ва газ $3 млрд. 544 млн.-ро ташкил дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба $3 млрд. 639 млн. баробар шудааст.