Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Бо мусоидати Бонки рушди Осиё (БРО), иншоот ва таҷҳизоти кӯҳнаву фарсудашудаи низоми барқтақсимкуни нерӯи барқи Тоҷикистон, ки таҳти хавфи харобӣ қарор доранд, таҷдиду барқарор хоҳанд шуд.

            Тавре корманди маъмурият ва танзимгар оид ба робитаҳои хориҷии намояндагии бонк дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар нерӯгоҳи барқии «Норак» ду дастгоҳи тақсимоти нерӯи барқ ҳанӯз 30 сол қабл насб шуда, айни замон кӯҳнаву фарсуда шудаанд ва минбаъд қодир нестанд, ки тақсими мунтазами барқро таъмин созанд. «Ҳамзамон маҳалли ҷойгиршавии баъзе дастгоҳу таҷҳизот аз ҷиҳати таркиби хоки замин номусоид аст ва хавфи хароб гаштан дорад», - гуфт манбаъ.

            Ба гуфтаи ӯ, Бонки рушди Осиё ҷиҳати таҷдиди низоми барқтақсимкуни нерӯгоҳи Норак $54,77 млн. бурс ҷудо мекунад. «Воситаҳои мазкур барои иваз намудани дастгоҳҳо истифода гардида, гузашта аз ин ин дастгоҳҳо ба макони бехавф низ кӯчонида мешаванд», - гуфт Т.Евстифеева.

            Зикр гардид, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳа ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Барқи тоҷик» $1,2 млн. маблағ ҷудо мекунанд.