Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони Афғонистон ба фаъолият шурӯъ карданд. Ин курсҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки ДДОТ ва Фонди Авруосиёи Осиёи Марказӣ «Такмили ихтисоси омӯзгорони афғон дар ДДОТ» ташкил карда шудаанд.

            Дар нишасти матбуотӣ мудири лоиҳа Нафисахон Юнусова изҳор дошт, ки чорабинӣ бо мақсади мусоидат ба рушди таҳсилоти ибтидоӣ дар кишвари ҳамҷавор ва барқарор кардани муносиботи ҳамкории минбаъда миёни бахшҳои маорифи кишварҳо татбиқ карда мешавад.

            Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал 15 омӯзгори синфҳои ибтидоии вилояти Балхи Афғонистон дар курсҳо таҳсил хоҳанд кард. Ректори донишгоҳ Зариф Шарифов зикр кард, ки омӯзгорони тоҷик баҳри кӯмак ба ҳамтоҳои афғони худ ва фароҳамории шароити мусоиди табодули таҷрибаи пешқадам омодаанд.