Душанбе 20-уми ноябр -   Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ озмуни навбатӣ эълон кард.

Ҳамзамон ба Низомномаи озмуни журналистон барои дарёфти Ҷ оизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳут ӣ барои соли 2009 тағйирот ворид карда шуд. Бо назардошти хоҳиши роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷ умҳурии То ҷ икистон, бинобар афзудани шумораи шабакаҳои радио ва телевизион, иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки барои ин ду бахш ҷ оизаҳои алоҳида муқаррар гардида, теъдоди умумии ҷ оизаҳо ба чорто расонида шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

            Дар озмун танҳо аъзои Иттифоқи журналистон ҳуқуқи иштирок доранд. Озмун ҳамасола дар Рӯзи ҷашни касбии коркунони матбуот - 11-уми март ҷамъбаст карда мешавад.