Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нишасти матбуот ӣ сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷ умҳур ӣ Саидмурод Баҳриддинов изҳор дошт, ки пахта зироати стратег ӣ То ҷ икистон буд, ҳаст ва чунин хоҳад монд. Номбурда зикр кард, ки соли 2009 дар То ҷ икистон барои кишти зироати стратег ӣ 250 ҳазор га замини кишт ҷ удо карда мешавад, ки ин миқдор нисбат ба соли гузашта 3 ҳазор га камтар аст.

            Мутахассисони соҳа бар ин назаранд, ки ба кам кардани замини кишти пахта афзоиши кишти зироати ғалладона дар заминҳои об ӣ боис гаштааст ва соли равон афзоиши кишти ин навъи зироат ва ҳамчунин картошкаву дигар зироатҳо ба андозаи ду баробар ба нақша гирифта шудааст.

            Соли равон дар ҷ умҳур ӣ дар масоҳати 253 ҳазор га кишти пунбадона гузаронида шуда, он ба иллатҳои гуногун танҳо дар 237 ҳазор га нашъунамо ёфтааст. Соли 2007 ин рақам ба 254 ҳазору 279 га баробар буда, 419 ҳазору 597 тонна ё худ 76,3 фоизи нақша ҳосил ҷ амъовар ӣ карда шуд. То имрӯз дар кишвар тақрибан 331 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 ҳазор тонна камтар аст.

            С.Баҳриддинов сабаби ҳосили ками имсоларо дар кам кардани замини кишт, хушксолӣ, камобӣ ва норасоии нуриҳои минералӣ маънидод кард. «Дар вилояти Суғд ба иллати камобӣ аз 76 ҳазор га кишти пахта танҳо дар 63 ҳазор га нашъунамои хуби он таъмин гардиду халос», - гуфт ӯ.       

            Ба қавли С.Баҳриддинов, соли равон заминҳои кишти пахтаи ҷумҳурӣ ҳамагӣ бо 30-40 фоизи талабот ба нурии минералӣ таъмин карда шуданд.

            Дар мавриди таъминот бо техникаи кишоварзӣ номбурда иброз дошт, ки ба туфайли таъсиси КВД «Тоҷикагролизинг» аллакай дар ҷумҳурӣ 26 нуқтаи хизматрасонии техникаи кишоварзӣ амал мекунанд. «Тайи ду соли ахир ба ҷумҳурӣ 1,2 ҳазор трактор ворид гардид ва агар кор бо чунин суръат идома ёбад, дар зарфи 3-4 соли оянда мушкилоти таъминоти бахши кишоварзӣ бо техника пурра ҳал хоҳад шуд», - афзуд С.Баҳриддинов.