Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз оғози татбиқи барномаи махсуси таҷрибаомӯзиҳои корӣ таҳти унвони « SABIT » хабар дод.

            Тавре аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, барнома бо мақсади шиносоии мутахассисон бо фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар бахши сарфаи энергия, танзими кори ин соҳа, роҳандозии муносиботи кории тарафайн, мизони хизматрасонӣ, фаъолияти молиявӣ ва тарзи пешбурди фаъолияти соҳа дар шароити иқтисоди бозорӣ амалӣ мегардад.

            Ба иттилои манбаъ, таҷрибаомӯзии чорҳафтаина аз як ҳафтаи машғулиятҳои назариявӣ ва се ҳафтаи машғулиятҳои амалӣ иборат буда, моҳҳои феврал-марти соли 2009 доир мегардад. «Мутахассисон бевосита бо фаъолияти ширкатҳо ва иттиҳодияҳои Амрико оид ба сарфаи энергия аз наздик ошно хоҳанд гашт», - гуфт манбаъ.

            Зикр гардид, ки тамоми хароҷоти сафар, будубош ва таҷрибаомӯзии мутахассисонро ҳукумати Амрико ба ӯҳдаи худ мегирад.