Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ аз Русия тоҷикону ӯзбекон аз ҳама бештар маблағи пулӣ интиқол додаанд.

            Дар гузориши интишорнамудаи Бонки Марказии Русия гуфта мешавад, ки дар ин давра ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Русия мутаносибан ба 51 ва 67,8 фоиз афзудааст. Пас аз ин кишварҳо Арманистон (34,9 фоиз) ва Озарбойҷон (34,6 фоиз) ҷойгир шудаанд.

            Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, ҳаҷми маблағи интиқолкардаи шахсони воқеӣ тавассути ниҳодҳои расмии молиявӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб 17 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳанд.

Раҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2007 ба $1,5 млрд. баробар аст, ки муодили 36 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аст.