Хуҷанд. 20-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чоҳи рақами 1-и «Хоҷабоқирғон» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ корҳои ҷустуҷӯи нафту газ, ки тӯли 10 соли ахир идома доштанд, қатъ карда шуданд.

            Тавре директори шӯъбаи тоҷикистонии ҶСК «Саратовнефтегеофизика» Зеврӣ Куртбединов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, моҳи сентябри соли ҷорӣ таҳти роҳбарии сардори раёсати истихроҷи нафту гази Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон Набӣ Маликов ҷаласаи комиссия оид ба муайян кардани фаъолияти минбаъда дар ин чоҳ доир гардида, қарор шуд, корҳои ҷустуҷӯӣ қатъ карда шавад.

            Ба иттилои манбаъ, пармакунии чоҳ соли 1998 оғоз гардида, то имрӯз 4 ҳазору 973 метр чоҳ канда шудааст. «Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин чоҳ нафту газ мавҷуд аст ва мо ба ҳукумат пешниҳод сохтем, ки корҳои ҷустуҷӯӣ давом дода шавад», - афзуд сарчашма.