Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар гурӯҳи кории мутахассисони Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир ба баргузории маҷмӯи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа, муҳимот ва маводи тарканда тасмим гирифта шуд.

Тавре хадамоти матбуоти созмон хабар медиҳад, дар чаҳорчӯбаи фаъолияти созмон муддати се сол аст, ки амалиёти алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунии «Муҳоҷири ғайриқонунӣ» ва зидди қочоқи маводи мухаддир таҳти унвони   «Роҳҳои интиқол» гузаронида мешавад.

Дар амалиёти «Роҳҳои интиқол» ба ҷуз кишварҳои узви созмон, боз наздики 20 давлати дигар иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2007 дар қаламрави кишварҳои узви СААД 1,5 ҳазор адад силоҳи оташфишон ва беш аз 25 ҳазор муҳимот мусодира карда шуд. Ба ҳайати СААД кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.