Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати кишвар Барномаи беҳтар намудани чарогоҳҳои кишвар барои солҳои 2009-2015-ро, ки аз тарафи Вазорати кишоварзии мамлакат бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ пешниҳод карда шуд, тасдиқ намуд.  

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба манзури пиёдасозии барномаи мазкур дар соли 2009 аз буҷаи мамлакат 300 ҳазор сомонӣ ҷудо хоҳад гашт.

Ба гуфтаи сарчашма, соҳаи чорводорӣ аз соҳоти муҳими бахши кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дар таъмини аҳолии кишвар бо гӯшт ва шир нақши калон мебозад.

Бино ба маълумоти Кумитаи омори мамлакат, дар ҳамаи намудҳои хоҷагидорӣ наздики 1 миллиону 760 ҳазор сар чорвои калони шохдор, беш аз 4-у ним миллион сар гӯсфанду буз ва 77 ҳазор сар асп парвариш меёбанд.