Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ҷумхурӣ то имрӯз 96 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи кишвар - Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Мавсуф иҷро шудани нақшаи “Тирамоҳ-2008”-ро пеш аз мӯҳлат аз эҳтимол дур намедонад. Ба гуфтаи ӯ, вилояти Хатлон нахустин шуда, аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ хабар дод. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи маърака ба андозаи 87 дарсад, дар ноҳияҳои тобеъи марказ 95 фоиз, вилояти Суғд 92 ва шаҳри Душанбе 95 фисад иҷро гардидааст.

Дар вазорати дифоъи кишвар мутмаинанд, ки то рӯзҳои 25-26-уми ноябр нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар миқёси ҷумҳурӣ комилан ба иҷро хоҳад расид. Ёдовар мешавем, маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар кишвар 1-уми октябр оғоз гардида буд.