Душанбе. 21 ноября. «Азия-Плюс» - Дар 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 67 млн. дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. Ин рақам дар соли гузашта ба 37 млн. дона баробар буд.

         Тавре муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов дар нишасти матбуотӣ хабар дод, дар зарфи якуним соли ахир фаъолияти қариб ҳамаи корхонаҳои паррандапарварӣ барқарор гардида, заминҳои ба онҳо тааллуқдошта баргардонида шудааст ва доир ба таъмини корхонаҳо бо хӯрок барои парранда ва нерӯи барқ тадбирҳо андешида шудаанд. «Аз ин рӯ, раҳбарони корхонаҳо оид ба афзоиши истеҳсолот ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд», - гуфт ӯ.

         Муовини вазир зикр кард, ки феълан саршумори мурғ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ ба 1 млн. расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 489 ҳазору 451 сар бештар аст.

         Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар 18 корхонаи паррандапарварӣ амал мекунанд ва то ахири сол ба истифода додани боз ду корхона дар назар аст.