Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти саҳомии кушоди «Агроинвестбонк» барои мизоҷони худ Маркази робита боз кард.

Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз ин ба баъд мизоҷони бонк ба суолҳои худ доир ба хизматрасониҳои бонк, макони ҷойгиршавии шӯъбаҳои бонк, нуқтаҳои интиқоли маблағ, ҷойгиршавии банкоматҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳашон метавонанд тавассути телефони 600-68-68 посух бигиранд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони маркази робита ба мизоҷон тарзи пур кардани асноди бонкӣ ва истифодаи онро дақиқу мушаххас шарҳ хоҳанд дод. «Мизоҷон аз маркази робита ҳамчунин метавонанд оид ба низомҳои мавҷудаи интиқоли маблағ ва ҳама гуна намудҳои хизматрасонии бонкӣ маълумот дастрас кунанд», - гуфт сарчашма.

Зикр гардид, ки ин навъи хизматрасонии тозаи бонк бо мақсади беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ ва дастрасии бештари мардум ба маълумот оид ба бонк ва хизматрасониҳои он роҳандозӣ мегардад.