Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар гузориши тозаи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо   афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2009 ба миқдори 6 фоиз пешгӯи шудааст.

            Мувофиқи маълумоти бонк, афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 5 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта ин нишондиҳанда ба 7,8 фоиз баробар буд.

            Дар гузориш гуфта мешавад, ки ба рушди иқтисод ҳанӯз ҳам шароити номусоиди обуҳаво ва норасоии захираҳои энергетикӣ таъсири манфӣ расонида метавонад. Ҳамчунин зикр мегардад, ки ба иллати бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2009 кам шудани амалиётҳои бонк аз эҳтимол дур нест. «Аз ин рӯ, бонк аз ҳамаи кишварҳое, ки ба он сармоягузорӣ мекунад, даъват ба амал меорад, ки ба масъалаи уствории низоми бонкӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир созанд», - оварда шудааст дар гузориш.