Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар фурудгоҳи пойтахт барои мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ толори интизории нав мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз маркази матуботи ширкати « Tajik Air »   хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар толор барои мусофирон ҳама гуна шароитҳо, аз ҷумла нуктаи бақайдгирӣ, огоҳкунӣ, қаҳвахона, ҷойҳои нишасту истироҳат ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд.

Ғайр аз ин, дар толори нав нуқтаи фурӯши чиптаҳо ва пардохти маблағи вазни бағочи аз меъёр зиёд низ фаъолият мекунад. Тибқи маълумоти маркази матбуоти фурудгоҳ, ба ҷойи дигар кӯчидани толори интизории мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ ба сохтмони терминали нав дар фурудгоҳ марбут аст ва макони воқеъшавии толори кӯҳна ба маҳалли сохтмони терминали нав ворид мешавад. «Аз оғози соли нав сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи пойтахт шурӯъ мешавад», - афзуд манбаъ.