Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.

Мансабдори воломақоми вазорат дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пеш аз ҳама, ин ҷо сухан дар бораи тағйирот ба моддаҳои ҳуқуқи мавқуфгузорӣ ва озод шудан аз хизмати ҳарбӣ меравад. «Ташаббуси мазкур ба он вобаста аст, ки дар маъракаи даъват мо қариб 85 фоизи шаҳрвандони лоиқ ба хизматро бо ин сабабҳо даъват карда наметавонем, зеро қисме аз ин моддаҳо истифода бурда, қисми дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд», - гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, феълан лоиҳаи мазкур барои мувофиқа ба мақомоти дахлдор фиристода шудааст. «Аз ҳозир аён аст, ки мо ба муқобилати шадид дучор мешавем, зеро он ба манфиатҳои аксари мансабдорону фарзандони онҳо нест», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки қонуни мавҷуда дар ин бора ба воқеияти имрӯза ҷавобгӯ нест ва дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз қонунҳои кишварҳои ҳамсоя нусхабардорӣ карда шудааст. «Ба ҷуз ворид сохтани тағйирот дар масъалаи ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, беҳбуди фаъолияти комиссияҳои даъватӣ, мо ҳамчунин пешниҳод кардем, ки мӯҳлати хизмат то 1,5 сол кам карда шавад», - афзуд сарчашма.