Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар ҷараёни мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири умури хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон масоили корҳои омодасозии боздиди расмии президенти Туркия Абдулло Гул аз Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

            Тавре аз департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин маҷмӯи васеи масъалаҳои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо, мушкилоти мавҷудаи муносиботи байнулмилалии ҷаҳон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро низ муҳокима карданд. «Ҳ.Зарифӣ ва А.Бобоҷон сатҳи муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Туркияро қаноатбахш арзёбӣ намуданд», - изҳор дошт манбаъ.

            Зикр гардид, ки ҳамасола ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо рӯ ба афзоиш мениҳад. Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Туркия ба 260 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст.