Душанбе. 29-уми ноябр - Бино ба иттилоъи хабаргузории "УралИнфо"-и Русия, беш аз 300 нафар мардикорони то ҷ ик дар як сохтмони шаҳри Екатеринбург корпарто ӣ кардаанд.

Раиси ҷ амъияти фарҳангии то ҷ икони ин минтақаи Русия Фаррух Мирзоев ба нақл аз қавли ин муҳо ҷ ирон гуфтааст, мардикорони то ҷ ик дар яке аз ширкатҳои сохтмонии маҳалл ӣ мавсум ба «СКА» кор мекардаанд, вале ин ширкат беш аз чаҳор моҳ ҳаққи заҳмати онҳоро пардохт накардааст. Муҳо ҷ ирони кории то ҷ ик дар ин робита ба додситонии яке аз ноҳияҳои Екатеринбург шикоят бурдаанд.

Мардикорон, ки дар майдони сохтмон ӣ ҷ амъ омада, эълони корпарто ӣ кардаанд, иброз доштаанд, ки то пардохт шудани ҳақи заҳмати чормоҳаи худ майдонро тарк нахоҳанд кард.