Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл ҳукумати ИМА дар доираи ҳамкориҳои ҳкуматҳои Тоҷикистону Амрико ба марзбонони тоҷик ду автомашинаи КАМАЗ ва қисмҳои эҳтиётии онро тақдим кард.

            Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, арзиши воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётӣ ҳудуди 150 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти супурдашуда барои дастгирии амалиёти ҳамарӯзаи марзбонон ҷиҳати дифоъи сарҳад ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир пешбинӣ шудаанд», - гуфт манбаъ.

            Қобили зикр аст, ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 бо марзбонони тоҷик мунсибатҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.