Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳрҳои Ваҳдату Кӯлоб дар мавзӯи «Дастоварди молиявии ту» оид ба омӯзиши банақшагирии молиявӣ дар оила маҷмӯи семинарҳо баргузор гашт.

Тавре ҳамоҳангсози Мактаби молия ва менеҷменти Франкфурт Олга Марианти ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, кормандони мактаб дар ҳамдастӣ бо шарикон аз созмони ғайриҳукуматии «Гендер ва Рушд» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум барои аҳолии ноҳияҳои дурдасти ҶТ як қатор тренингҳои олмӯзишӣ доир намуданд.

Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии молиявии муассисаи молияи « VP Лизинг»-и Олмон бо занони шаҳрҳои Ваҳдат ва Кӯлоб дар ин мавзӯъ чаҳор семинар гузаронида шудааст. «Дар семинар занон бо тарзи идораи даромаду хароҷот дар оила, таҳияи буҷаи оилавӣ, пасандоз барои ҳолатҳои фавқулодда ва дигар масъалаҳои марбут ба хароҷоти маблағи оилавӣ шиносоии амиқ пайдо карданд», - афзуд О.Марианти.