Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Арзиши тахминии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон 129,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

            Тавре сармуҳандиси Нақшаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа Қосимҷон Муродов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сохтмони қисмати роҳи оҳани 46,3 километраи Ваҳдат-Ёвон, ки маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппаро бо пойтахт мепайванд, дар ду марҳила амалӣ гардида, роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат ва Ёвон Қӯрғонтеппаро ба ҳам васл месозад.

            Ба гуфтаи Қ.Муродов, чун феълан роҳҳои оҳани мавҷуда ба ин самт ҷавобгӯи талабот нестанд, пас аз анҷоми сохтмон корҳои таъмиру таҷдид ва расонидани андозаи роҳ ба дараҷаи чаҳорум шурӯъ мегарданд, вале феълан оид ба арзиши ин корҳо сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.

            Ёдрас мекунем, ки айни замон роҳи оҳани миёни Душанбеву Қӯрғонтеппа 469 километрро ташкил дода, он қаламрави Ӯзбекистонро убур мекунад.