Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон аз 6 ҳазору 115 нафар шахсони бори нахуст ба бемории сил гирифторшуда 17 дарсадашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

            Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов изҳор дошт, ки шумори муҳоҷирони меҳнатии гирифтор ба бемории сил ба 1 ҳазору 26 нафар расида, аксари онон ба бемории сили давомдор мубталоянд, ки он кӯшиши зиёд ва муолиҷаи дарозмуддатро тақозо менамояд. «Агар барои муолиҷаи беморӣ дар марҳилаи аввали гирифторӣ барои як нафар 48 доллари амрикоӣ хароҷот шавад, пас барои мубталоёни бемории давомдори сил ин маблағ ба 7 ҳазор доллари ИМА баробар буда, мӯҳлати табобат низ се маротиба зиёдтар мешавад», - гуфт ӯ.

            С.Раҳмонов мегӯяд, барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷати шакли ягонаи маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ таҳия шудааст ва он соли равон тасдиқ хоҳад гардид.