Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки рушди Осиё ҷиҳати дастгирии бахши иҷтимоии буҷаи Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.

Чӣ тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар гуфтушуниди вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо ҳайати гурӯҳи Бонки рушди Осиё таҳти сарварии сариқтисодчӣ Сонна Шрест оид ба ин масъала тавофуқ ҳосил гардида, имзои созишнома ояндаи наздик ба нақша гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҷонибҳо инчунин атрофи масоили вазъи мавҷудаи иқтисоду молия дар ҷумҳурӣ ва пеш гирифтани чораҳо барои раҳоӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрон табодули афкор карданд.