Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз маҷаллаи маъруфи Forbes рӯйхати навбатии кишварҳои беҳтарин барои тиҷорат дар соли 2009-ро интишор намуд. Тоҷикистон миёни 127 кишвари беҳтарин барои тиҷорат ба мақоми 123-ум сазовор дониста шуд.

Маҷалла бори чаҳорум аст, ки чунин гузоришро ба чоп мерсонад ва таъкид месозад, ки мавқеъи кишварҳо дар рӯйхат ба ҳаҷми ММД ё мизони бекорӣ вобаста нест. «Мақсади асосӣ - пешниҳоди тамоми иттилооти зарурӣ ба сармоягузорон аст ва меъёри аслӣ барои мо вазъи демократия дар давлатҳо, риояи ҳуқуқи инсон, озодии баён ва қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи сармоягузорӣ маҳсуб мегардад», - оварда шудааст дар гузориш.

Тибқи гузориши маҷалла, соли равон Дания бори дигар мақоми аввал, ИМА дуввум ва Канада зинаи саввумро соҳиб гардиданд. Дар зарфи як сол Русия 17 мавқеъро аз даст дода, аз мақоми 103 ба 86-уми поин рафт. Мақоми кишварҳои собиқи шӯравӣ дар рӯйхат чунин аст: Гурҷистон – мақоми 64, Қазоқистон – 71, Озарбойҷон – 87, Қирғизистон – 90, Арманистон – 94 ва Украина мақоми 97-ум.