Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон 100 дад велосипеди истеҳсоли Русия ва Чин харидорӣ кард.

            Чӣ тавре ки муовини вазир Бег Зуҳуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шурӯъ аз 1-уми апрели соли ҷорӣ кормандони ин вазорат мошинҳои хидматии худро канор гузошта ва ба истифода аз дучарха ва ё велосипед рӯ меоранд.   Ин тасмим, ба гуфтаи вазорат, дар иртибот ба муқобила бо таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва коҳиши хароҷоти молиявӣ гирифта шудааст.

            Ба қавли Б.Зуҳуров, айни замон велосипедҳо ба ҶСК «Тоҷиктелеком» ва «Главпочтамт» дода шуда ва кормандон бо дарки масъулият ба чунин иқдом рафтор намудаанд. «Худи ман ҳам ба велосипед гузаштам, зеро истифода аз велосипед чун нақлиёт дар ҷаҳон маъмул гардида ва гузашта аз ин, велосипедронӣ ба беҳбуди саломатии инсон низ муфид аст», - афзуд Б.Зуҳуров.