Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Ширкатҳои « KEC International » ва « RPG Transmission »-и Ҳиндустон корҳои сохтмони хати интиқоли барқ аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба маҳаллаи аҳолинишини Пули Хумрии Афғонистонро оғоз карданд.

Чӣ тавре ки аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, корҳои омодагӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистон шурӯъ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, феълан самти бунёди хат муайян гардида, коршиносон ҷойҳои гузоштани пойгоҳҳоро интихоб менамоянд. «Масофаи хати интиқоли барқ то марзи Афғонистон беш аз 100 километрро ташкил дода, анҷоми корҳои сохтмонӣ дар нимаи аввали соли 2010 пешбинӣ мегардад», - афзуд сарчашма.