Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Аз сиёсати созандагӣ ва бунёдкории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳибкорони ноҳияи Ваҳдат Сафарбек Назаров илҳом гирифта, изҳор дошт, ки ӯ омода аст бо хар ҷ и маблағҳои худаш ва ҷ алби сармояи хори ҷ ӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат як нер ӯ гоҳи ҳароратии ангишт ӣ бо иқтидори 50 мегават бунёд мекунад.

  Ӯ ба Президенти мамлакат қавл дод, ки то моҳи сентябри соли 2011, яъне то 20-солагии истиқлолияти давлатии То ҷ икистон ин нер ӯ гоҳро сохта, ба истифода медиҳад. Соҳибкор Сафарбек Назаров иттилоъ дод, ки дар назди ин нер ӯ гоҳ ҳамчунин як корхонаи истеҳсоли бензин ва с ӯ зишвории дизелии сунъ ӣ (синтетик ӣ ) бунёд мекунад.

Ба гуфти ӯ ,   дар ин ҷ о то 1000 нафар дар давраи сохтмон ва ҳамин қадар каси дигар баъди ба кор даромадани ин иншоот бо ҷ ойи кор таъмин мегарданд.

Маблағи умумии сохтмони ин иншоот беш аз 65 миллион евроро ташкил медодааст.

             Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон зимни с ӯ ҳбатҳои озоду ошкоро мардумро бори дигар ба корҳои истеҳсол ӣ , созандагию бунёдкор ӣ , ободонии муҳити зист ва кам кардани харо ҷ оти беҳуда дар гузарондани расму оини р ӯ згор ҳидоят намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.