Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Ба наздикӣ Тоҷикистон ният дорад, ҳиссаи худро ба сармояи оинномавии Бонки рушди АвруОсиё гузаронад.

            Тавре аз вазорати молияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳиссаи Тоҷикистон дар сармояи оинномавии бонки мазкур ба 500 ҳазор доллари ИМА баробар буда, он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пазируфта шудааст.

            Дар мавриди имзои Созишнома миёни ҳукумати ҶТ ва бонки мазкур дар бораи шартҳои фаъолияти бонк дар қаламрави ҶТ ва фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри кори пурсамари бонк, манбаъ гуфт, феълан ин масъала дар ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад.

            Ёдрас мекунем, ки 11-уми декабри соли 2008 Шӯрои БРАО дар ҷаласаи худ бобати ба узвияти бонк пазируфтани Тоҷикистон қарор қабул кард. Айни замон Русия, Қазоқистон ва Арманистон узви комилҳуқуқи бонк мебошанд.