Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Моҳи оянда Бонки рушди Осиё татбиқи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистонро, ки баҳри беҳбуди сифати маълумоти ибтидоӣ ва миёна равона гардида буд, ба анҷом мерасонад.

Чӣ тавре ки аз намояндагии БРО дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, баҳри татбиқи лоиҳа аз ҷониби бонк дар ҳаҷми 7,5 млн. $ қарз пешниҳод гардида, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ба беш аз 1,8 млн. $ баробар аст. «Лоиҳа дар панҷ ноҳия - Айниву Мастчоҳ дар вилояти Суғд, Роштақалъа дар ВМКБ, Кӯлоб дар вилояти Хатлон ва Рашт дар ноҳияҳои тобеи марказ амалӣ гардид», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи доимии бонк дар Тоҷикистон Макото Оҷиро рӯзи 5-уми май аз мактаби дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи бонк таъмиршудаи ноҳияи Рашт боздид намуда, аз иҷрои корҳо изҳори қаноатмандӣ кардааст. «Дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳа роҷеъ ба мавзӯъҳои идораи фаъолият дар соҳаи маориф, таҳияи низоми иттилоотӣ дар ин бахш, банақшагирии молиявии соҳа ва ғайра тренингу семинарҳо баргузор гардида, бинои 77 мактаб ва 4 шӯъбаи маорифи ноҳияҳо аз таъмир бароварда шуданд», - изҳор дошт манбаъ.

Зикр гардид, ки ҳамчунин оид ба таълими фанҳои забони тоҷикӣ ва физика барномаҳои нави таълимӣ таҳия шуда, дар мактабҳо 237 иттиҳодияи волидайну омӯзгорон таъсис дода шуданд.