Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) барои бунёди меҳмонхонаи «Серена» дар Душанбе ба ширкати Tourism Promotion Services Tajikistan 7 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.

Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар меҳмонхона барои аҳолии маҳаллӣ 135 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, пардохтҳои андоз ба буҷа ҳудуди 1 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳанд дод. Меҳмонхонаи «Серена» дуввумин меҳмонхонаи сатҳи байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе буда, аз 85 утоқи истиқомат ва 10 апартамент иборат хоҳад буд. «Барои бунёди дафтарҳои корӣ ва нуқтаҳои фурӯш 1,6 ҳазор метри мураббаъи майдони сохтмони меҳмонхона ҷудо карда шудааст», - гуфт манбаъ.

Тибқи маълумоти IFC , шумори сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, аз 700 нафари соли 1997 то 62 ҳазор нафар дар соли 2007 афзудааст.