Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Маблағи хароҷоти сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба 27 млн. Евро баробар аст.

            Сарвари кулли фурудгоҳ Рустам Холиқов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки рӯзи 4-уми апрел бо ширкатҳои сохтмонии Фаронса дар бораи сохтмон ва мавриди истифода қарор додани терминали нав қарордод ба имзо расидааст. «Лоиҳаи сохтмон аз ҷониби Фаронса дар ҳаҷми 20 млн. ва Тоҷикистон 7 млн. Евро маблағгузорӣ карда мешавад», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи сарвари кулли фурудгоҳ терминали нав ҷавобгӯи ҳамаи меъёрҳои байнулмилалӣ хоҳад буд. «Чанд рӯз пештар дар фурудгоҳ терминали нави додани бағочи мусофирон бо банди (лентаи) интиқолдиҳанда ба истифода дода шуд, ки акнун мусофирон барои гирифтани бағочи худ аз ним соат зиёдтар вақт сарф нахоҳанд кард», - афзуд Р.Холиқов.