Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Душанбе миёни Тоҷикистону Бонки рушди Осиё баҳри татбиқи лоиҳаи «Рушди минтақаҳои деҳот» оид ба ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби бурси Фонди глобалии экологӣ созишнома ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, дар созишномае, ки аз ҷониби вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ба имзо расид, ҷудо кардани бурс ба маблағи 3,5 млн. $ пешбинӣ шудааст. «Дар шароити бӯҳрони молӣ татбиқи лоиҳаҳо дар бахши кишоварзӣ омили муҳим буда, ба афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва гирифтани ду ҳосил аз заминҳои кишт мусоидат мекунад», - гуфтанд дар вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур ба амалисозии қисмате аз лоиҳа, ки ба идоракунии устувори захираҳои замини мавҷуда ва таҳқиқи муҳити зист марбут аст, равона хоҳад гардид.