Кӯлоб. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи чор моҳи соли ҷорӣ дар бахши хусусӣ ва ҷамъиятии минтақаи Кӯлоб 127,7 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст.

Мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии минтақа Ҷумъахон Амиршоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар минтақа тамоили рушди паррандапарварӣ ба мушоҳида мерасад, вале то нишондиҳандаҳои даврони шӯравӣ расидан, ки он замон дар як корхонаи паррандапарварӣ то 300 ҳазор парранда нигаҳдорӣ мешуд, ҳанӯз вақти зиёде зарур аст.

«Дар зарфи чор моҳ инчунин саршумори парранда ба миқдори 9 ҳазор сар, чорвои шохдои калон – 430 сар, чорвои майда – 5755 сар ва саршумори асп – 77 сар зиёдтар шуд», - афзуд Ҷ.Амиршоев.