Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи иттилои Кумитаи омори кишварҳои узви ИДМ, ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3,5 дарсадро ташкил додаст.

            Ин нишондиҳанда аз ҳама бештар дар Русия – ба андозаи 12,3, Арманистон – 6,2 ва Қазоқистон – 4,5 дарсад поин рафтааст.

            Афзоиши ҳаҷми ММД дар ин давра дар кишварҳои дигар узви ИДМ ба таври зайл нишон дода шудааст: Ӯзбекистон – 7,9; Молдова – 7,2; Озарбойҷон – 4,1; Гурҷистону Украина – 2,1; Белорус – 1,1 ва Қирғизистон – 0,2 дарсад.

            Кумитаи омори ИДМ ҳамчунин коҳиши тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳоро ба қайд гирифтааст. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар Украина   ба андозаи - 31,9; Молдова – 24,2; Қирғизистон – 19,5; Русия – 14,3; Арманистон – 9,5; Тоҷикистон – 8,2; Қазоқистон – 4,6; Белорус – 4,5 ва Озарбойҷон – 2,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин давра Ӯзбекистон ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 9,9 дарсад ноил гардидааст.