Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни баргузории Анҷумани IV -уми Ҳизби «Оқ-Жол»-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода ва ҷонишини раиси Ҳизби «Оқ-Жол» Автандил Арабаев дар бораи ҳамкории ҳизбҳо созишнома ба имзо расониданд.

            Тавре Д.Давлатзода таъкид намуд, имзои созишнома ба рушди муносиботи миёни ҳизбҳо муосидат менамояд. Ӯ изҳор дошт, ки ҳизбҳо дар навбати худ, ба рушди муносиботи миёни давлатҳо таъсир мерасонанд. «Манфиатҳои Қирғизистону Тоҷикистон ҳизбҳои пешбари ҳарду кишварро ба таҳкими мутақобилаи ҳамкориҳо водор месозад», - гуфт ӯ.

            А.Арабоев дар ҷараёни мулоқот изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар аксар соҳаҳо, аз ҷумла, иқтисодиёт, фарҳанг ва фаъолияти давлатӣ, махсусан дар риштаи истифодаи сарфакоронаи захирахои гидроэнергетики ду давлат манфиатҳои муштарак доранд.