Ба ҷуз қисмати шарқии ВМКБ, то 21 июл дар саросари кишвар ҳавои гарму хушк боқӣ монда, ҳарорат то ба 45 дараҷа гармӣ мерасад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Агентӣ, рӯзона обуҳаво дар вилояти Хатлон - то 45 дараҷа, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд - то 44 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ - то 37 дараҷа гарм мешавад.

Дар чунин гармии тоқатфарсо худро паноҳ нигоҳ доштан аз шуоъи мустақими офтоб барои беоб намондани организм ва пешгирии зарбаи гармӣ, ҳамчунин бисёр об додани зироати кишоварзӣ тавсия дода мешавад.

Дар робита ба гармии беҳад зиёд дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон болоравии босуръати сатҳи об дар назар буда, дар ноҳияҳои баландкӯҳ фаромадани сел аз обшавии пиряхҳо аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки боэҳтиёт буда, ҳузури худро дар кӯча зери шуоъҳои мустақими офтоб бамаротиб кам кунанд, зимни ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ҳушёриро аз даст надиҳанд. Кумита пӯшидани сарулибоси сафеду равшан ва нӯшидани миқдори зиёди обро маслиҳат медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.