Дар идомаи сафари корӣ ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон аз ноҳияи Ванҷ ба ноҳияи Дарвоз ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо нахуст бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст ва дорои 14 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо фарогии 110 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 7 ҷойи хоб ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.

Сипас бо иштироки Президенти мамлакат бинои Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз мавриди истифода қарор гирифт, ки сеошёна буда, аз 39 ҳуҷраи корӣ, як хонаи машваратӣ бо 39 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Баъдан дар маркази ноҳияи Дарвоз Эмомалӣ Раҳмон сутунпояи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард. Парчами Тоҷикистон дар маркази ноҳия бо баландии 30 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Баландии Нишони давлатӣ, ки дар паҳлуи Парчам сохта шудааст, 15 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар назди Нишон ва Парчами давлатӣ тоҷ бо паҳноии 12 ва дарозии 14 метр сохта шудааст.

Гуфта мешавад, зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвози ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки бунёди майдони Парчами давлатӣ, ки бо риояи санъати баланди меъмории муосир амалӣ гардидааст, туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ноҳияи Дарвоз ба ифтихори ҷашни истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.