Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғунро бо мушакпарронии пуршукӯҳ ҷашн гирифтанд.

Мушакпарронӣ 7 дақиқа идома ёфта, аз тамоми гӯшаву канорҳои шаҳр намоён буд. Консерту мушакпарронӣ ба таври мустақим дар шабакаҳои телевизион ва мониторҳои бузург дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе намоиш дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.