Мунира Шаҳидӣ қабл аз сафар ба Аврупо ба “Азия-Плюс” иброз дошт, ки зимни баромади худ дар парлумони Аврупо “аз холигӣ дар системаи илмии Осиёи Марказӣ ва Аврупо” хоҳад гуфт: “Вақти он расидааст, ки бо олимони аврупоӣ рӯ ба рӯ суҳбат кунем. Бо онҳо ҳамкории зич намоем ва равобити байнифарҳангиро ба роҳ монем. Ба олимони Аврупо бояд воқеиятро муаррифӣ намоем”.

Мунира Шаҳидӣ адабиётшинос ва фарзанди оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ, ки ба омӯзиш ва қиёси адабиёт ва фарҳанги Шарқу Ғарб машғул аст, ҳоло роҳбари миллии лоиҳаи “КОМПАС” интихоб шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби донишгоҳи КЕНТ-и Британияи Кабир таҳия гардида, ҳадафи он омӯзиши мушкилҳо дар замони ҷаҳонишавӣ ва пайдо кардани роҳи ҳалли он  аз назари илмӣ, муаррифӣ мегардад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур аз 21 то 25 январи соли 2019 гуруҳе аз олимону муҳаққиқони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Белорус ва донишгоҳҳои Кембриҷ ва КЕНТ-и Британияи Кабир дар шаҳри Брюссели Белгия бо ҳам омада, байни худ муколама менамоянд ва баъдан дар парлумони Аврупо суханронӣ хоҳанд кард.

Ба андешаи ин муҳаққиқ, олимони Аврупо аз Тоҷикистони муосир шинохти дуруст надоранд ва аз таҳқиқотҳои анҷомдодаи пажуҳишгарони тоҷик бехабаранд. Аз ин рӯ, ҷомеаи илмии Аврупо ташнаи шинохти дурусти Тоҷикистон аст.

- Ман зиёд мушоҳида мекардам, ки олимони ғарбӣ дар шинохти дурусти Тоҷикистон иштибоҳ мекунанд. Аз ин сабаб, соли 2016 дар нашрияи “The Journal of Diplomacy” ва “New Communities” мақолае чоп карда, аз баҳогузории нодурусти олимони ғарбӣ нисбати Тоҷикистон нигаронӣ намуда будам. Пас аз ин, олимону муҳаққиқони ғарбӣ хоҳишманди шинохти дурусти Тоҷикистон будани худро иброз доштанд,-иброз дошт Мунира Шаҳидӣ.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ олимони тоҷик бо донишмандони Ғарб ҳамкории зич доштанд. Махсусан, ҳамкории адибон ва шарқшиносони кишвар бо олимоне чун Иржи Бечка, Юлиус Фучик хуб ба роҳ монда шуда буд. Аммо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, робитаҳои олимон ҳам канда гардид. Ба андешаи Мунира Шаҳидӣ, тадқиқотҳои илмие, ки нимаи дуюми асри ХХ дар Тоҷикистон ва дар умум, дар давлатҳои пасошӯравӣ гузаронида шудааст, дар мактабҳои илмии Аврупои ғарбӣ омӯхта ё дуруст шинохта нашудааст. Аз ин сабаб, имрӯз дар заминаи шинохти минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби олимони Аврупо холигие ба миён омадааст.

- Ҳадафи ниҳоии мо, муаррифии зарфиятҳои илмиву фарҳангии мардуми худ ба доираи илмии Аврупо аст. Мехоҳем ба ҷомеаи илмии Аврупо ба шакли муосир давлату миллат ва илму фарҳанги хешро муаррифӣ намоем. Барои ин, мо аввал худамон бояд омӯзем ва дар илму андешаи хеш таҷдиди назар намоем. Баъд беҳтаринҳояшро ба аврупоиҳо пешкаш созем,-мегӯяд Мунира Шаҳидӣ.

Бояд гуфт, ки пас аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 дар парлумони Аврупо ва муаррифии китоби ӯ “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар соли 2014, ин маротибаи аввал аст, ки як олими тоҷик аз ин минбар сухан меронад.

Гуфтан ба маврид аст, ки лоиҳаи “КОМПАС” (Бунёди маърифатнокии ҳамсоягони наздик) бунёди хайриявиест, ки аз ҷониби ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад. Ин лоиҳа аз тарафи Донишгоҳи КЕНТ-и Британияи Кабир таҳия гардида, ҳадафи он роҳандозии ҳамкории илмӣ барои омӯзиши мушкилҳои замони ҷаҳонишавӣ ва пайдо кардани роҳи ҳалли он аз назари илмӣ муаррифӣ карда мешавад.