33,7 дарсади сокинони кишвар бо вуҷуди он ки худкуширо гуноҳ ҳисобидаанд, зикр намудаанд, ки “ин роҳи халосӣ аз мушкил аст”. Ин маълумот дар таҳқиқоти анҷомдодаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон “Никоҳи бармаҳал ҳамчун сабаби пошхӯрии оилаҳо ва худкушӣ дар Тоҷикистон” зикр ёфтааст.

Таҳқиқоти мазкур дар саросари кишвар гузаронида шуда, дар рафти он 2500 нафар пурсида шудаанд. 13, 1 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки сабабгори аслии даст ба худкушӣ задани сокинони кишвар волидони онҳо мебошанд ва танҳо 9,8 дарсади пурсидашудагон ин амалро маҳкум намудаанд.

Дар таҳқиқоти мазкур зиёр гардидааст, ки сабаби даст ба худкушӣ задани сокинон гуногун аст. Баъзан баҳси кӯчаки оилавӣ ё мушкили иҷтимоӣ метавонад сабабгори даст ба худкушӣ задани одамон гардад. 37, 2 дарсади пурсидашудагон бошад гуфтаанд, ки сабаби даст ба худкушӣ заданӣ одамон бесаводӣ аст. 31,9 дарсади одамон бовар доранд, ки хушунати хонаводагӣ боиси даст ба худкушӣ задани одамон мегардад. Танҳо 28 дарсади пурсидашудагон таъкид намудаанд, ки никоҳи бармаҳал ва маҷбурӣ омилӣ худкушии ҷавонон аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоте, ки дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, соли 2018 дар ҷумҳурӣ 542 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки 236 нафари онҳо занон мебошанд. Сабаби асоси даст ба худкушӣ задани одамонро, масъулини Кумитаи мазкур низ мушкили оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ номида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.