Тоҷикистон осорхонаи бузургро мемонад, ки дар тамоми гӯшаву канори он ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуд аст. Тибқи маълумоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар кишвар 2020 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст ва шумораи онҳо сол аз сол зиёд мешавад. Аммо бостоншиносон мегӯянд, ки аксари ин ёдгориҳо ба ҳифзу тармим эҳтиёҷ доранд.

Ба муносибати “Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ” доир ба ёдгориҳои таърихии ду ноҳияи кишвар Рӯшон ва Ёвон, ҳолати кунунии онҳо маълумот гирдоварӣ намудем.

Вазъи хароби Қалъаи Вамар

Тибқи маълумоти Мафтун Қиматшоев, корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар Рӯшонзамин теъдоди бозмондаҳои нодири таърихию фарҳангӣ аз 100 бештар аст. Дар як деҳаи Дерзуд 7 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст: Чашмаи Шоҳносир, Остони Сабзпӯш, Остони Бобоалишоҳ, Мазори Бобоалишоҳ, Мазори Мир Манзаршоҳ, Остони  Панҷаи Шоҳ, Ҷамоатхонаи  таърихӣ.

Мафтун Қиматшоев мегӯяд, ки аксарияти ин иншооти бостонӣ, ки муаррифгари таъриху фарҳанги миллӣ, санади асолат ва мояи худшиносианд, аз бетаваҷҷуҳии масъулини соҳа хароб гардида, қисме ба  чарогоҳ табдил ёфтаанд ва бахше талаву тороҷ, забту муҳосира ва ҳатто бенишон шудаанд.

Маҷмааи Қалъаи Вамар тибқи ҳуҷҷатҳои шифоҳӣ мансуби қарни Х ва мувофиқи санадҳои хаттӣ ба қарни XVI тааллуқ дорад. Ба қавли Мафтун Қиматшоев ин қалъа ягона иморатест, ки панҷоҳ фоизаш боқӣ мондааст.

“…Қалъаи Вамар дар давраи Шоҳтолиби Сармаст сохта  шуда,  соли 1684 навсозӣ гардидааст. Соли 1843 сохтмони қалъа бо фармони ҳокими Рӯшон Сулаймонхон  дар майдони 1.5 га аз нав оғоз шуда, тӯли се  сол  идома  ёфт. Қалъа 3 дарвоза, 1  тӯпхона, зиндони дуқабатаи зеризаминӣ ва дар зери дарахти чанор чоҳи обдузд дошт. Баландии девори  қалъа 60 метр. Паҳноии деворҳо дар  пойин 7 метр ва дар   боло 3 метрро ташкил медоданд. Боғи сарсабзи онро беш аз 100 намуди  дарахтони бесамар ва баҳрадор  зинат медоданд. Дар саҳни  қалъа  майдони васеъ  бо номи Ригакмайдон (майдони регзор) мавҷуд буд, ки  ҷойи баргузории ҷашну маросимҳо ва бозиҳои миллӣ: гӯштигирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ ва ғайра  будааст…”,- менависанд муаллифони рисолаи «Ҳокимони Қалъаи Вамар» Бовар Сӯфизода ва Қиматшоҳ Исматзода.

Мафтун Қиматшоев иброз медорад, Қалъаи Вамар то садаи бистум асри гузашта қароргоҳи ҳокимони маҳаллӣ, афғон, манғит ва низомиёни Русияи подшоҳӣ буда, баъди Инқилоби болшевикон, аз соли 1919 то соли 1996 маскани будубоши марзбонони давлати Шӯравӣ гардид. Имрӯз нисфи  беши масоҳати қалъа мақари марзбонони кишварамон буда, қисмати пеши он, ки  тахминан 70 ҳиссаро ташкил медиҳад, барои таъмиру азнавсозӣ нигоҳ дошта шудааст.

- Имрӯз аз боғу майдон, дарвозаю тӯпхона ва чоҳу зиндони қалъа нишоне намондааст. Сангу чӯби ин иморатро низомиёну мардуми маҳаллӣ барои манфиаташон канда бурданд. Гирду атрофи қалъаро сокинон муҳосира  намуда,  ба хонаю ҳавлӣ ва боғу полези хусусӣ табдил додаанд”,-зикр намуд Мафтун Қиматшоев.

Ҳолати имрӯзаи Қалъаи Вамар
Сурат: аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ин корманди осорхона мегӯяд, ки аз ҷониби вазорати фарҳанг барои таъмиру азнавсозии Қалъаи Вамар маблағи муайян ҷудо гардида, корҳоеро  низ анҷом  додаанд, аммо ҳолати  имрӯзаи Қалъаи Вамар нигаронкунанда аст.

- Дар Рӯшон даҳҳо иншооти таърихию фарҳангӣ ҳаст, ки агар барои ҳифзу ҳимояти онҳо чораҷӯйӣ нашавад, хатари пурра аз байн рафтан ба онҳо таҳдид мекунад. Агар имрӯз онҳоро ҳифз накунем, ҷуброни хисороти он гарон  хоҳад буд,- хулоса намуд Мафтун Қиматшоев.

“Хоҷагии деҳқонӣ” дар ёдгории таърихии Ғарав - қалъа

Дар ноҳияи Ёвони низ ёдгориҳои таърихӣ зиёд аст. Аз ҷумла, Тамошотеппа, Чоргулқалъа, Сариқамишқалъа, ёдгории Қози Бердӣ, теппаи Мулло Баротӣ, Шӯрча.

Яке аз ёдгориҳои машҳури ноҳияи мазкур Ғарав- қалъа мебошад, ки он дар қисмати ғарбии деҳаи ҳамном яъне Ғарав воқеъ аст. Тибқи маълумотҳои аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дастраскардашуда, ёдгории мазкур дар замони шӯравӣ аз ҷониби бостоншинос Б.А.Литвинский солҳои 1963-1966 қисман таҳқиқ шудааст. Дар натиҷа бостоншиносон аз ёдгории мазкур қабати мадании аҳди кӯшониёнро пайдо намуда аз ин давраи муҳими таърихӣ олоту асбоб ва дигар ашёҳои маишиву дастнорасидаро бозёфт кардаанд. Масоҳати умумии Ғаравқалъа 13 га буда, дарозии он 500м аз самти шарқ ба ғарб ва паҳноии он 230 м аз шимол ба ҷануб мебошад. Ёдгорӣ аз сатҳи баҳр дар баландии 645 м қарор дошта, баландии худи он аз 4.30 м то 5.50 м мерасад. Дар қисми шимолу ғарбии ёдгори бахши зисти ҳоким мавҷуд аст. Бахши мазкур шакли чаҳоркунҷаи дарозрӯяро дорад, ки дар арзу тӯли 110х155 м дар алоҳидагӣ дида мешавад. Баландии маҳалли ҳокимнишин аз ҳамвории атрофи ёдгорӣ 7.50м ва аз бахшҳои аҳолинишини қалъа 2.70м баландтар мебошад. Бостоншиносони даврони шӯравӣ маҳз дар ҳамин бахши ёдгорӣ ҳаффорӣ намуда таҳқиқот бурдаанд.

Сурат: аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Муҳаммад Сафоев, сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар натиҷаи ҳафриёти Осорхонаи миллии Тоҷикистон моҳҳои октябр- ноябри соли 2014 дар ёдгории мазкур зиёда 70- адад бозёфтҳои фулузӣ ба даст омадааст. Ин ҳам дар муҳлати кӯтоҳи 15- рӯзаи ҳафриёт дар ёдгорӣ.

- Ҳангоми таҳқиқот аз бахши шимолу шарқии ёдгории мазкур қубурҳои насбшуда -  системаи обёрикунии қалъаро пайдо намудем. Инчунин, дар рӯи қабрҳои бахши қабристони имрӯзаи ёдгорӣ пораҳои зуруфи гилӣ ва фулузӣ пайдо кардем, ки ба шоҳони кӯшонӣ мансубанд. Такя ба бозёфтҳои фулузиву гилии пайдошуда гуфтан мумкин аст, ки ҳайёт дар ёдгории Ғарав- қалъа тахминан аз қарнҳои III п.м. то асрҳои XV-XVI вуҷуд доштааст,-мегӯяд Муҳаммад Сафоев.

Ин бостоншинос зикр мекунад, ки имрӯз ҳолати ёдгорӣ хароб буда он феълан дар мароҳили нестшавӣ қарор дорад: “Яке аз сокинони деҳа ёдгориро ба хоҷагии деҳқонӣ табдил дода онро ҳамчун чарогоҳ истифода мекунад. Ҳамчунин бошандагони деҳаи Ғарав ва деҳоти наздики он бахши шарқии ёдгориро ба мадфунгоҳ – қабристон табдил додаанд, ки ин хатари ҷиддии нестшавӣ ва азбайнравии ёдгориро ба миён овардааст”.

Қубури обгузари Ғарав - қалъа дар ноҳияи Ёвон
Сурат: аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Муҳаммад Сафоев мегӯяд, ки ба қабристон табдил додани қисме аз ёдгории таърихӣ чанд мушкили ҷиддиро дар самти таҳқиқи он ба миён овардааст:

-Дастнорас шудани ёдгорӣ барои ҳаффории бостоншиносон.

- Барои ҳамешагӣ аз назари  таҳқиқи бостоншиносон дур мондан.

- Ҳамчун як ёдгории муҳими илмии аҳди ҳелинӣ ва асримиёнагӣ нест шудан.

Ёдгориҳо шиноснома, таърих, фарҳанг, обрӯ ва ифтихори миллат аст. Аз ин сабаб, бостоншиносон таъкид мекунанд, ки мақомоти дахлдор, аз ҷумла вазорати фарҳанг бояд ба мушкили ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд ва барои ҳифзи онҳо иқдоми ҷиддиро рӯйи даст гирад. Дар сурати ғайр, хатари аз байн рафтани онҳо вуҷуд дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.