Дар фестивал-озмуни XIV байнулмилалии “Ҳунар ҷаҳонро муттаҳид мекунад” дар шаҳри Сочи намояндаи Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол намуд.

Соҳибҷон Ҳасанов, хатмкардаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии санъати ба номи Атоев дар бахши “Оҳангсози ҷавон” (синни 21-25-сола) мақоми аввалро касб кард.

Ҳадаф аз баргузории озмун густариши ҳамкориҳои гуногуншакли фарҳангӣ байни халқҳо, мусоидат ба ташаккули ҳунармандони ҷавони боистеъдод ва рушди фарҳангӣ инноватсионӣ, ҳамчунин омӯзиши самтҳои нави малакаҳои ҳунарӣ ва эҷодии оҳангсозони ҷавон ва дастаҳои касбии ҳунарӣ унвон мешавад.

Қаблан Соҳибҷон Ҳасанов дар озмуни байналмилалии “Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод” низ дар бахши “Оҳангсози ҷавон” ғолиб гардида буд.

Соҳибҷон Ҳасанов айни замон тибқи гранти таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар курси сеюми риштаи оҳангсозии Донишкадаи давлатии фарҳанги Краснодар таҳсили илм мекунад.

Ӯ шогирди яке аз оҳангсозони маъруфи Россия, раиси Иттифоқи оҳангсозони кишвари Краснодар, ходими фарҳанги Россия профессор Владимир Чернявский мебошад.

Ба гуфтаи Соҳибҷон, оҳангсозиро санъати худодод ҳам мегӯянд ва на ҳар кас метавонад оҳангсози хуб шавад.

“Оҳангсозӣ ғайр аз он, ки истеъдоди худодод аст, ҳамчунин заҳмати зиёдро талаб мекунад. Барои он, ки як оҳанг эҷод гардад, оҳангсоз чандин шабу рӯз заҳмат мекашад, андеша мекунад, ба хаёл фурӯ меравад. Баъзан мешавад, ки моҳҳои дароз як оҳангро эҷод мекунӣ, аммо дар як лаҳза ҳамаашро хат мезанӣ. Ба қавле, истеъдоди Худо додаро бояд бо омӯзишу тамрин сайқал дод. Он вақт оҳангсози хуб шудан мумкин аст”, - изҳор дошта буд ӯ дар як мусоҳиба бо хабарнигори “Азия-Плюс”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.