Дар Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли равон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВКД 1 амали террористӣ ошкор ва 2 суиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст, иттилоъ дод Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ дар нишасти хабарӣ.

Бино ба гуфтаи вазир, дар ин муддат мақомот 226 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва 378 ҷинояти дорои хусусияти ифротгароиро ошкор ва 97 нафар аъзои ташкилоти террористиро муайян ва дастгир кардаанд.

Зимнан зикр шуд, ки ҳамчунин бо доир кардани чорабиниҳои оперативию фаҳмондадиҳӣ 169 нафар шаҳрвандоне, ки дар амалиёти мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, бо мусоидати мақомот ихтиёрӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.