АНОНС

- Дар Душанбе Кинофестивали байнулмилалии филмҳои мустанади “Дидор” оғоз мегардад. Чорабинӣ ба муносибати 90-солагии кинои тоҷик баргузор мешавад. Филмҳо дар толори хурд ва калони кинотеатри “Зебуннисо” аз соати 10:00 то 18:00 ҳамарӯза то 20 санаи октябр намоиш дода мешавад;

- Дар “Суруш Холл”-и Душанбе JAM Forum Pro - рӯйдоди бузургмиқёс барои точирони ҳамаи сатҳҳо ва навкорон дар соҳаи PR, DIGITAL, маркетинг (бозорёбӣ), реклама, брендинг ва камолоту пешрафти шахсӣ доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6907 сомонӣ;

1 евро – 10.6685 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1502 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кинои тоҷик.

Рӯзи умумиҷаҳонии ғизо.

1929 – ҶМШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил шуд.

1998 – Шумораи нахустини ҳафтавори «Авитсенна» ба табъ расид.

2004 – Президенти Русия В.Путин бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни ин сафар миёни кишварҳо оид ба сармоягузорӣ ба иқтисоди ҶТ, ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия, ба моликияти Русия супурдани истгоҳи назорати кайҳонии «Окно» дар Норак», муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра асноди ҳамкорӣ ба имзо расид.

2018 — Дар Форуми байнулмилалии соҳибкорӣ дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки низоми бонкии Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад ва қайд кард, ки тӯли панҷ сол ба иқтисоди кишвар 5 млрд. доллар сармоягузорӣ  ҷалб шудааст.

1898-1957 – Зодрӯзи шоир Обидхоҷа Лутфӣ.

1898-1938 – Мавлуди Ходими давлатии Тоҷикистон Чинор Имомов.

1951 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Ҷамолиддин Мансуров.

1958 – Мавлуди нависанда Саидаҳмади Зардон.

1985 — Зодрӯзи журналист Абдуазими Абдуваҳҳоб.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 16 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.