Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

- Ҳайати ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон ба ноҳияи Данғара сафар карда, барои сокинон ва меҳмонони он барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд;

Истиқболи аҳли ҳунару фарҳанги Ӯзбекистон дар фурудгоҳи Душанбе, 11 ноябри соли 2019

- Дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоишгоҳи рассоми маъруф ва узви Иттифоқи рассомони Русия ИринаДмитриева-Ванн ҷараён дорад.


ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6959 сомонӣ;

1 евро – 10.6829 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ - 0.1513 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 – Дар Тоҷикистон обсерваторияи астрономӣ кушода шуд.

2010 — Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дар бораи таъсиси 5 корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон созишномаҳо ба имзо расиданд.

1896 – Зодрӯзи муборизи барқарор намудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, Комиссари халқии корҳои дохилии ҶМШС Тоҷикистон (солҳои 1924-1926) Абдулло Ёрмуҳаммедов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тайирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 хунук, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1°, рӯзона 10+15° гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -3-8.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 11+16° гарм мешавад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3°, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тайирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 13+15° гарм мешавад..

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад..

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.   

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.