Коргардони машҳури тоҷик Барзу Абдураззоқов 60-сола шуд. Ӯ зодрӯзи худро бо омодагӣ ба намоиши шомгоҳӣ дар театри «Жас Сахна»-и Алмаато гузаронд. Хабарнигори “Asia-Plus” соҳибҷашнро таҳният гуфта, аз ӯ мусоҳибаи кӯтоҳ гирифт.

- Ҷисман дар Алмаато қарор дорам ва машғули таҳияи спектаклҳои худ ҳастам. Бо дӯстонам муошират мекунам. Оилаи худро дӯст медорам, ки аз кишваре ба кишваре ҳамроҳи ман овораву саргардон аст. Руҳан дар куҷое муаллақ мондаам... Гӯё маро чун мӯрча ба маркази варақи сафед партофтаанд. Ман то андозае ҳаяҷонзадаву ҳаросонам, зеро намедонам, ки чӣ кор кунаму ба куҷо равам. Ҳама чиз возеҳият ва шаклу сурати шиносро гум кардааст. Боз мебинем, ки ин роҳ ба куҷо мебарад. Охир мӯрчаро бо кадом мақсаде партофтаанд...

- 60-солагии худро чӣ гуна истиқбол гирифтед?

- Дар рӯйи саҳна. Тамоми рӯз тамрин доштем ва ҳоло намоиш ҷараён дорад (соҳибҷашн посухҳоро шоми 19-уми сентябр навишт – Asia-Plus). Ба итмом расад, шояд бо ҳунармандон хӯроки шом хӯрем.

- Ба шаст соли умри худ чӣ баҳо медиҳед?

- Камтар аз 4, вале ҳамаи 10 имтиёзро мехостам.

- Агар имкони бозпас гардондани вақт бошад, чиро тағйир медодед?

-  Ҳеҷ чизро дигаргун намекардам. Аз тақдирам розиям. Танҳо дер фаҳмидам, ки фардо вуҷуд надорад. Фақат имрӯз ҳаст, ки барои “фардо” таҳкусрӣ гузошта, мазмун меофарад.

- Аз зиндагии худ розиед?

-  Бале, ман хушбахтам. Ва агар имрӯз лозим ояд, ки биравам, дар фарҷом танҳо мегӯям: СИПОСГУЗОРОРАМ!

- Орзуҳои амалиношуда доред?

- Ман танбалам ва бисёр корҳоро ба “фардо” мавқуф мегузорам. Заминро аз Моҳтоб дидан мехоҳам. Ва ё лаҳзае барои худ фаҳмидаву дарк бисозам, ки “Равшангарӣ” чист.

- Лаҳзаи беҳтарине, ки аз пеши назари Шумо дур намеравад...

- Барои зикри лаҳзаи ҷудогона душворӣ мекашам. Ҳаёт нотакрор аст ва хушбахтам, ки ба ман шонси дидану шунидан, ошиқ шудану дӯстдошта будан, заҳмат кашидану офаридан, фарзанд калон кардан, мафтуни ҳамсари худ будан, иштибоҳ кардан ва эътиқод ба Худованд ато шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.