Агар муваффақияти ҳар ҷомеа ба комёбиву пешрафти давлату ҳукуматаш рабт дошта бошад, пас бемуҳобот рӯ ба тараққӣ ниҳодану рӯз аз рӯз зебову дилрабо шудани ҳар давлату ҳукумат аз босамар фаъолият кардани заводу фабрикаву ширкатҳо мебошанд.

Бешубҳа метавон гуфт, ки ин майдон, яъне ҷойгоҳи заводу фабрикаву ширкатҳо дар Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон, махсусан пойтахт - шаҳри зебои Душанбе то андозае баръало мушоҳида мешавад. Ин дар ҳолест ки рӯз аз рӯз иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри ташаккул ва рушди пойтахти кишвари азизамон, ки дар доираи дастгирии сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарчашмаи асосии ҳалли масоили иҷтимои ва рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ва ин омил бевосита руҳияи соҳибкоронро ба ояндаи неки фаъолияти худ ва пойтахти азизамон баланд мебардорад.


Ҷумлаҳои боло шаҳодати он ҳастанд, ки дар кишвари азизи мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар нафаре, ки ба корҳои шоиста ва савоб, дар мисоли бунёди заводу ширкате саҳм гузошта метавонад ва ӯ ё онҳо дар беҳтарин шароит ва дастгирӣ кори худро оғоз карда, ба пешравиҳои назаррас метавонанд ноил гарданд.

Дар ин росто мо наметавонем ширкатеро, ки солиёни дароз дар хизмати халқи шарифу ватани азизамон аст, сарфи назар кунем. Бале, маҳз бавоситаи навиштору гуфтори нек ва самимӣ метавон рӯҳияи сарварони корхонаҳои истеҳсолиро боло бардошт ва кам ҳам бошад, мардумро, муштариёнро аз кору пайкори онҳо бохабар кард.


Хушбахтона, имрӯзҳо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Нур Пласт» бо дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳрамон Рустами Эмомалӣ фаъолияти пурсамар дорад. Бо дарҳои боз дар хизмати сокинон будан ҳаммаънои аз истиқлолу ваҳдат ва оромиву осудагӣ баҳраманд шудан аст, ки некбахтона вуҷуд доштани ширкати мазкур далели раднашаванда аст.

Ширкати «Нур Пласт» аз соли 2006 фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда кӯшиш карда истодааст. Ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳама сайъу кӯшиши кормандони ширкат барои беҳтару хубтар ба мардум хизмат расонидану ҳоҷату эҳтиёҷоти онҳоро баровардан ба сомон мерасад.


Ширкати “Нур Пласт” дар шаҳри Душанбе ба истеҳсолоти молу маводи сохтмонӣ машғул буда, барои 80 нафар ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудаст, ки истеҳсолоти дару тиреза, тахтаҳои пластикӣ, зертиреза, нова, кабел канал, қубурҳои канализатсионӣ, ҷабҳаву дигар маҳсулоти пластикиро дар понздаҳ хатти истеҳсолӣ ба роҳ мондааст. Истеҳсоли чунин молҳо ва ба кор таъмин кардани миқдори муайяни сокинон ба кори доимӣ афзалиятҳои бузург дорад ва далели пешрафту тараққиёти шаҳр ва Ҷумҳурии азизамон маҳсуб меёбад.

Молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкатро дигар корхонаҳои истеҳсоли дару тирезаҳои тайёр ва мағозаҳои маъруфу машҳур харидорӣ намуда, насбу танзим карда савдо мекунанд. Ин ба тарзе сурат мегирад, ки ширкати “Нур Пласт” бисёртар маводи нимтайёр истеҳсол карда, бо брендҳои маъруф ба монанди (RollerPlast; UnoPen ecoline) бо нархҳои дастрас мефурӯшад.

Инро метавон дар мисоли истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ баръало мушоҳида намуд. Яъне ширкати “Нур Пласт” аз дару тирезаи тайёр дида, зиёдтар маҳсулоти онро истеҳсол мекунад ва ба коргоҳҳои зиёде, ки ба насбу танзими маводи пластикӣ, хусусан дару тиреза кор мегиранд, мефурӯшад.

Лозим ба ёдоварист, ки истеҳсолоти Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Нур Пласт” дасти аввал аст ва ҳар нафаре, ки аз дасти дуюм хабар дорад, ҳатман, ки муҳимияту бартарияти дасти аввалро ба хубӣ дарк мекунад. Ва аз ин ҷост, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкати “Нур Пласт” дар бозорҳои кишвар мавриди таваҷҷуҳи зиёд ва истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Ин ҳама аз доштани сифати баланд ва нархи дастраси маҳсулоти ширкати мазкур шаҳодат медиҳад.